15 Октябр 2026 - 10:07
Source: ABNA
Кубо: Амрико бо тамаъгарӣ дар ҷустуҷӯи тағйири овозҳо алайҳи таҳримҳои Ҳавона аст

Вазири умури хориҷаи Кубо эълом кард: Амрико бо тамаъгарӣ дар ҷустуҷӯи тағйири овозҳо алайҳи таҳримҳои Ҳавона аст.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз хабаргузории Синхуа, Кубо Амрикоро ба сабаби таҳмили фишор ба кишварҳо барои мухолифат бо қатънома дар бораи лағви таҳримҳои тиҷоратӣ алайҳи Ҳавона, ки қарор аст охири моҳи октябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба раъй гузошта шавад, маҳкум кард.

Бруно Родригес, вазири умури хориҷаи Кубо дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «X» навишт, ки Марко Рубио вазири умури хориҷаи Амрико «нисбат ба як шикасти дигар дар Созмони Милали Муттаҳид нигарон ва музтариб аст» ва дар ҳоли «таҳмили фишор ва тамаъгарӣ аз сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои мухталиф» аст, то онҳоро ба тағйири раъйи худ водор кунад.

Родригес афзуд: ӯ бо дурӯғҳои такрорӣ ва иқдомоти нави худ, кӯшиш мекунад, ки бар ҷазои дастаҷамъӣ, ки бар мардуми Кубо таҳмил кардааст, сарпӯш гузорад.

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷаи Амрико, Рубио рӯзи сешанбе гуфтугӯи телефонӣ бо Найиб Букеле, раиси Ҷумҳурии Салвадор, дошт ва аз ӯ хост, ки дар ростои «пешбурди афзалиятҳои муштарак дар Созмони Милали Муттаҳид», бо Иёлоти Муттаҳида ва шарикони ҳамоҳанг бо он ҳамроҳ шавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha